Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Он шох хушк асту сияҳ, ҳон, ай сабо, бар вай мазан

Он шох хушк асту сияҳ, ҳон, ай сабо, бар вай мазан, Ай зиндагии боғҳо в-ай рангбахши марду зан! Ҳон, ай сабои хубхад, андар рикобат меравад Оби равону сабзаҳо в-аз ҳар тараф ваҷҳулҳасан! Дардёдиливу равшанӣ, бар хушку бар тар мезанӣ, Ӯ сахт хушк асту сияҳ, бар вай мазан аз баҳри ман! Ман хирарӯтар омадам, бар ҷуди ту роҳе задам, Ин кай тавонад гуфт гул бар лола ё сарву суман?! Ай боғ созу даст не, чун ақл фавқу паст не, Ҳастӣ чу наҳли хонакан ё ҷони миъмори бадан?! Хоҳӣ, ки маъникаш шавам, рав, сабр кун, то хуш шавам, Ранҷур бастафан бувад, хоса дар ин борик фан!