Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

То ки мо аз назару хубии ту бохабарем

То ки мо аз назару хубии ту бохабарем, Аз баду неки ҷаҳон ҳамчу ҷаҳон бехабарем! Назаре кард суйи хубии ту дидаи мо, Аз пайи рӯйи ту то ҳашр ғуломи назарем! Дини мо миҳри туву мазҳаби мо хидмати ту, То нагӯйӣ, ки дар ин ишқи ту мо мухтасарем! Заҳр бар ёди яке нӯш, ту ай оҳучашм, Гар биҳ аз нӯш нанӯшем, пас аз саг батарем!