Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Он ёри турушрӯро ин сӯй кашонедаш

Он ёри турушрӯро ин сӯй кашонедаш, З-ин соғари хандонрӯ ҷоме бичашонедаш! З-ин бода нахӯрдаст ӯ, з-он бориду сард аст ӯ, Бо ин ҳама, бидҳедаш ҷоме, бипазонедаш! Ӯ сирка чаро орад, ғӯра зи чи афшорад?! З-он заҳр ҳамеборад, то ҷумла бидонедаш! Он бодаи ангурӣ нафзояд ҷуз кӯрӣ, Паҳлӯйи чунин бода, биллаҳ, манишонедаш! Бошад бувадаш сакта, дар гӯр набояд кард, З-ин оби Хизир як каф дар ҳалқ чашонедаш!