Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Баҳри шаҳват ҷони худро медиҳӣ ҳамчун сутур

Баҳри шаҳват ҷони худро медиҳӣ ҳамчун сутур В-аз барои ҷони худ каҳ медиҳӣ в-он гаҳ базӯр! Меситонӣ аз хасон, то водиҳӣ даҳ-чордаҳ, Дар ҳавои шоҳидиву луқмайӣ, ай беҳузур! Он сабадкаш мекашад он луқмаҳоро тун ба тун, Медавонад мурдакаш мар шоҳидатро гӯр-гӯр! Луқмаат мурдор омад, шоҳидат ҳам мурдае, Дар миёни ин ду мурда чун намебошӣ нуфур?! Чашми охурро бибанду чашми охир баркушо, Охири ҳар чиз бингар, то бигирад чашм нур!