Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Гар ба хилват дидаме ӯро ба ҷое сер-сер

Гар ба хилват дидаме ӯро ба ҷое сер-сер, Бе рақибаш додаме ман бӯсаҳое сер-сер! Бас хатоҳо кардаам дуздида, лекин орзуст Бо лаби турки Хато рӯзе хатое сер-сер! То яке ишрат бибинад чарх, к-ӯ ҳаргиз надид, Ишрати кадбонуе бо кадхудое сер-сер! Як ба як бегонагонро аз миён берун кунед, То канорам гирад он дам ошное сер-сер! Дасти ӯ гирам, ба майдон андар оям пойкӯб, Мезанам з-он даст бо ӯ дасту пое сер-сер! Ай хушо рӯзе, ки бикшояд қаборо банд-банд, То кашам ӯро бараҳна, бе қабое сер-сер! Дар фироқи Шамси Табрезӣ аз он коҳид тан, То фазояд ҷонҳоро ҷонфизое сер-сер!