Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳар ки аз ҳалқаи мо ҷойи дигар бигрезад

Ҳар ки аз ҳалқаи мо ҷойи дигар бигрезад, Ҳамчунон бошад, к-аз самъу басар бигрезад! З-он хурад хуни ҷигар ошиқ, зеро шер аст, Шердил кай бувад он, к-ӯ зи ҷигар бигрезад?! Дил чу тӯтӣ буваду ҷаври дилором шакар, Тӯтие дид касе, к-ӯ зи шакар бигрезад?! Пашша бошад, ки ба ҳар боди мухолиф биравад, Дузди шаб бошад, к-аз нури қамар бигрезад! Ҳар сареро, ки Худо хираву колева кунад, Садри ҷаннат биҳилад, сӯйи сақар бигрезад! В-он ки воқиф бувад аз марг, суви марг гурехт, Сӯйи мулки абаду тоҷу камар бигрезад! Чун қазо гуфт: “Фалонӣ ба сафар хоҳад мурд”, Он кас аз бими аҷал сӯйи сафар бигрезад! Бас куну сайд макун он, ки наярзад ба шикор, Ки хаёли шабу шаб ҳам зи саҳар бигрезад!