Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Саҳаре чу шоҳи хубон ба висоқи мо даромад

Саҳаре чу шоҳи хубон ба висоқи мо даромад, Ба мисоли соқиён ӯ ба сабӯву соғар омад! На сабӯйи ӯ бидидам, на зи соғараш чашидам, Ки ҳазор мавҷи бода ба димоғи ман баромад! Бикушод ин димоғам пару боли бениҳоят, Ки ба офтоб монад, ки ба моҳу ахтар омад! Ба муборакиву шодӣ чу ҷамоли ӯ бидидам, Зи ҷамоли ӯ ду дида зи ду кавн бартар омад!