Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Буте, к-ӯ Зуҳраву маҳро ҳама шаб шева омӯзад

Буте, к-ӯ Зуҳраву маҳро ҳама шаб шева омӯзад, Ду чашми ӯ ба ҷодуйӣ ду чашми чарх бардӯзад! Шумо дилҳо нигаҳ доред, мусалмонон, ки ман боре Чунон омехтам бо ӯ, ки дил бо ман наёмезад! Нахуст аз ишқи ӯ зодам, ба охир дил бад-ӯ додам, Чу мева зояд аз шохе, аз он шох андаровезад! Зи соя худ гурезонам, ки нур аз соя пинҳон аст, Қарораш аз куҷо бошад, касе, к-аз соя бигрезад?! Сари зулфаш ҳамегӯяд: “Сало зутар расанбозе!”, Рухи шамъаш ҳамегӯяд: “Куҷо парвона, то сӯзад?!” Барои ин расанбозӣ диловар бошу чанбар шав, Дарафкан хеш дар оташ чу шамъи ӯ барафрӯзад! Чу завқи сӯхтан дидӣ, дигар нашкебӣ аз оташ, Агар оби ҳаёт ояд, туро з-оташ наянгезад!