Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ай лӯлиён, ай лӯлиён, як лӯлие девона шуд

Ай лӯлиён, ай лӯлиён, як лӯлие девона шуд, Таште фитод аз боми мо, нак сӯйи маҷнунхона шуд! Мегашт гирди ҳавз ӯ чун ташнагон дар ҷустуҷӯ, Чун хушкнона ногаҳон дар ҳавзи мо тарнона шуд! Ай марди донишманд ту, ду гӯш аз ин барбанд ту, Машнав ту ин афсун, ки ӯ з-афсуни мо афсона шуд! З-ин ҳалқа биҷҳад гӯшҳо, к-ӯ ақл бурд аз ҳушҳо, То сар ниҳад бар осиё, чун дона дар паймона шуд! Бозӣ мабин, бозӣ мабин, ин ҷо ту ҷонбозӣ гузин, Сарҳо зи ишқи ҷаъди ӯ бас сарнигун чун шона шуд! Ғарра машав бо ақли худ, бас устоди муътамад, К-устуни олам буд ӯ, нолонтар аз ҳаннона шуд! Ман, ки зи ҷон бибридаам, чун гул қабо бидридаам, З-он рӯ шудам, ки ақли ман бо ҷони ман бегона шуд! Ин қатраҳои ҳушҳо мағлуб баҳри ҳуш шуд, Зарроти ин ҷонрезҳо мустаҳлики ҷонона шуд! Хомуш кунам, фармон кунам в-ин шамъро пинҳон кунам, Шамъе, ки андар нури ӯ хуршеду маҳ парвона шуд!