Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Қибла имрӯз ҷуз шаҳаншаҳ нест

Қибла имрӯз ҷуз шаҳаншаҳ нест, Ҳар ки ояд бадар, бигӯ: “Раҳ нест!”. Узр гӯ в-аз баҳона огаҳ бош, Ҳама хуфтанду як кас огаҳ нест! Нагузорад на кӯтаҳу на дароз, Оташе, к-ӯ дарозу кӯтаҳ нест! Дар чаҳи табъи ту хаёлот аст, Юсуфе бехаёл дар чаҳ нест! Чунки гандум расиду мағз оганд, Ҳамраҳи мосту ҳамраҳи каҳ нест! Пора-пора кунад якоякро, Ишқи он як, ки порае даҳ нест! Гаҳ-гаҳе мекашанд гӯши туро Сӯйи он оламе, ки гаҳ-гаҳ нест! Шамси Табрез шоҳи туркон аст, Рав ба саҳро, ки шаҳ ба хиргаҳ нест!