Давоми давлат андар ҳақшиносист, Заволи неъмат андар носипосист. Агар фазли Худо бар худ бидонӣ, Бимонад бар ту неъмат човидонӣ. Чӣ додат лутфу эҳсону накӯӣ, Ҳаромат бод, агар шукраш нагӯйӣ.