Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Дарахт аст ин ҷаҳону мева моем

Дарахт аст ин ҷаҳону мева моем, Ки хуррам бар дарахти ӯ бароем. Дигар ҳастанд баргу мо ҳама бар, Туфайли мо шуданд инҳо саросар. Шараф дорад дарахт аз меваорӣ, Кӣ бошад, то надорад ҳеҷ боре? Зи бӯю лаззати хуш меваҳоро Шараф бошад, чунон к-аз ақл моро. Наёбад марди ҷоҳил дар ҷаҳон ком, Надорад бӯю лаззат меваи хом. Туро лаззат зи илм аст, аз амал бӯй, Камолият зи илми боамал ҷӯй… Чу хоҳӣ, то ки ёбӣ донишу ҳуш, Макун панди ҳакимонро фаромӯш.