Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Шарафи нафс ба ҷуд асту каромат ба суҷуд

Шарафи нафс ба ҷуд асту каромат ба суҷуд, Ҳар ки ин ҳарду надорад адамаш беҳ зи вуҷуд. Эй ки дар неъмату нозӣ ба ҷаҳон ғара мабош, Ки маҳол аст дар ин марҳала имкони хулуд. В-эй ки дар шиддати фиқриву парешонии ҳол Сабр кун, к- ин ду-се рӯзе ба сар ояд маъдуд. Хоки роҳе, ки бар ӯ мегузарӣ сокин бош, Ки уюн асту ҷуфун асту худуд асту қудуд. Ин ҳамон чашмаи хуршеди ҷаҳонафрӯз аст, Ки ҳаме тофт бар оромгаҳи Оду Самуд. Хоки Мисри тарабангез набинӣ, ки ҳамон Хоки Миср аст, вале бар сари Фиръавну ҷунуд. Дунйӣ он қадр надорад, ки бар ӯ рашк баранд, Эй бародар, ки на маҳсуд бимонад, на ҳасуд. Қиммати худ ба маноҳиву малоҳӣ машикан, Гарат имони дуруст аст ба рӯзи мавъуд. Аз саро то ба Сурайё ба убудияти Ӯ, Ҳама дар зикру муноҷоту қиёманду қууд. Карамаш номутаноҳӣ, наамаш бе поён, Ҳеҷ хоҳанда аз ин дар наравад бе мақсуд. Панди Саъдӣ, ки калиди дари ганҷи саъд аст, Натавонад, ки ба ҷой оварад илло масъуд.