Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Чӣ хуш гуфт Фирдавсии покзод

Чӣ хуш гуфт Фирдавсии покзод, Ки раҳмат бар он турбати пок бод: «Маёзор мӯре, ки донакаш аст, Ки ҷон дораду ҷони ширин хуш аст!» Мазан бар сари нотавон дасти зӯр, Ки рӯзе ба пояш дарафтӣ чу мӯр! Даруни фурӯмондагон шод кун, Зи рӯзи фурӯмондагӣ ёд кун!