Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ш
Шоири номаълум

Он кӣ покиза нашуд огаҳи Қуръон набувад

Он кӣ покиза нашуд огаҳи Қуръон набувад Танпарастест, ки вайро хабар аз ҷон набувад. Дил саропарда нашуд баҳри муҳаббат ӯро Огаҳ аз Юсуфи афтода ба зиндон набувад Риштае ҳаст ниҳон байни дили одамиён Ки ба ҷуз фитрати моро хабар аз он набувад Ҳар кӣ мункир шуд агар ҳаст мусулмон ҷонам Метавонам ба яқин гуфт, ки инсон набувад Ло илаҳ гуфту вале кофири ирфон гардид Хубтар гар нигарӣ ҳеҷ мусалмон набувад Гар дилам озими Қофи ту нагардад ҷоно Ҳудҳуде ҳасту вале мурғи Сулаймон набувад