Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Самоъ ороми ҷони зиндагон аст

Самоъ ороми ҷони зиндагон аст, Касе донад, ки ӯро ҷони ҷон аст! Касе хоҳад, ки ӯ бедор гардад, Ки ӯ хуфта миёни бӯстон аст?! Вале он, к-ӯ ба зиндон хуфта бошад, Агар бедор гардад, дар зиён аст! Самоъ он ҷо бикун, к-он ҷо арӯсист, На дар мотам, ки он ҷойи фиғон аст. Касе, к-ӯ ҷавҳари худро надидаст, Касе, к – он моҳ аз чашмаш ниҳон аст! Чунин касро самоъу даф чӣ бояд?! Самоъ аз баҳри васли дилситон аст! Касонеро, ки рӯшон сӯйи қибла-ст, Самоъи ин ҷаҳону он ҷаҳон аст! Хусусан, ҳалқае, к-андар самоъанд, Ҳамегарданду Каъба дар миён аст! Агар кони шакар хоҳӣ, ҳамон ҷост, В-ар ангишти шакар, худ ройгон аст!