З-он кӯзаи май, ки нест дар вай зараре, Пур кун қадаҳе, бихур, ба ман деҳ дигаре. З-он пештар, эй санам, ки дар раҳгузаре, Хоки ману ту кӯза кунад кӯзагаре.