Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Май орад шарафи мардумӣ падид

Май орад шарафи мардумӣ падид В-озоданажод аз дирамхарид. Май озода падид орад аз бадасл, Фаровон ҳунар аст андар ин набид. Ҳар он гаҳ ки хӯрӣ май хуш он гаҳ аст Хоса чун гулу ёсуман дамид. Басо ҳусни баландо, ки май кушод, Басо курраи навзин, ки бишканид. Басо дун бахило, ки май бихӯрд, Каримӣ ба ҷаҳон-дар пароканид.