Корвон
Дераст, Голиё!
Дар гӯши ман фасонаи дилдодагӣ махон!
Дигар зи ман таронаи шӯридагӣ махоҳ!
Дераст, Голиё! Ба раҳ уфтода корвон.
Ишқи ману ту? ….Оҳ
Ин ҳам ҳикоятест.
Аммо, дар ин замона, ки дармонда ҳар касе
Аз баҳри нони шаб,
Дигар барои ишқу ҳикоят маҷол нест.
Шоду шукуфта, дар шаби ҷашни таваллудат
Ту бист шамъ хоҳӣ афрӯхт тобнок,
Имшаб ҳазор духтари ҳамсоли ту, вале
Хобидаанд гуруснаву лухт, рӯйи хок.
Зебост рақсу нози сарангуштҳои ту,
Бар пардаҳои соз,
Аммо, ҳазор духтари бофанда ин замон
Бо чирку хуни захми сарнангуштҳояшон
Ҷон мекананд дар қафаси танги коргоҳ
Аз баҳри дастмузди ҳақире, ки беш аз он
Партоб мекунӣ ту ба домони як гадо.
В-ин фарши ҳафтранг, ки помоли рақси туст
Аз хуну зиндагонии инсон гирифта ранг.
Дар тору пуди ҳар хату холаш: ҳазор ранҷ,
Дар обу ранги ҳар гилу баргаш: ҳазор нанг.
Ин ҷо ба хок хуфта ҳазор орзуи пок
Инҷо ба бод рафта ҳазор оташи ҷавон
Дасти ҳазор кӯдаки ширини бегуноҳ
Чашми ҳазор духтари бемори нотавон…
Дераст, Голиё!
Ҳангоми бӯсаву ғазали ошиқона нест.
Ҳарчиз ранги оташу хун дорад ин замон.
Ҳангомаи раҳоии лабҳову дастҳост
Исёни зиндагист.
Дар рӯйи ман маханд!
Ширинии нигоҳи ту бар ман ҳаром бод!
Бар ман ҳаром бод аз ин пас шаробу ишқ!
Бар ман ҳаром бод тапишҳои қалби шод!
Ёрони ман ба банд: