Даме расид ба хотир, ки сӯи Рум равем
Даме расид ба хотир, ки сӯи Рум равем,
Ки шояд ин дили ғамгин шавад нишотпазир.
Зи сайри шом гаҳе рехт бар дилам савдо,
Ки субҳи айш дамад шоядам зи шоми замир.
Шикаст фикри Ҳалаб гоҳ шиша дар роҳам,
Намуда гоҳ Фарангам дар ойина тасвир.
Гаҳе зи Ҳинд намак рехт дар дили решам,
Гаҳе зи Миср шакар ёфт тӯтии тақрир.