Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Аз хорҳои ишқи ту дар сина дорам хорҳо

Аз хорҳои ишқи ту дар сина дорам хорҳо, Ҳар дам шукуфта бар рухам з-он хорҳо гулзорҳо. Аз бас фиғону шеванам, чандест хам гашта танам, Ашк омада то доманам аз ҳар мижа чун торҳо. Раҳ ҷониби бӯстон фиган, к-аз шавқи ту гул дар чаман Сад чок карда пираҳан, шуста ба хун рухсорҳо. То сӯи боғ орӣ гузар, сарву санавбарро нигар, Умре паи наззора сар баркарда аз деворҳо. Зоҳид ба масҷид бурда пай, ҳоҷӣ биёбон карда тай, Он ҷо, ки кори нуқлу май, бекорияст ин корҳо. Ҳар дам фурӯшам ҷон туро, бӯса ситонам дар баҳо, Девонаам, бошад маро бо худ басе бозорҳо. Ту дода бори ҳар хасе, ман мурда аз ғайрат басе, Як бор мирад ҳар касе, бечора Ҷомӣ борҳо.