Боз о, ки туро кунам дар оғӯш аз дил, Паймонаи шавқи ман занад ҷӯш аз дил. Дар шаҳраги ҷонам ончунон пайвастӣ, Эҳсоси ту кай шавад фаромӯш аз дил.