Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳабиб Юсуфӣ
Ҳабиб Юсуфӣ

Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дораб дӯсттар

Вақти он аст, Эй қалам! Буррандатар гардӣ зи теғ! Вақти он аст, Эй сухан! Ғуррандатар гардӣ зи барқ То ба душман ҳамла орам, Решааш буррӣ зи бех, То расӣ, манҳусанчарро кунӣ бешоху барг! Як чаҳон ишқи Ватан дорад дили халқи азим, То ватанро дӯст дорад, дӯст дорад то абад. Сад чаҳон нафрат ҳам аз баҳри разилони фашизм, То фашистонро кунад бо нафраташ гӯр оқибат! Чун Ватан мардона дар ҷанг омадаст, имрӯз ман Ин ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар! Чун ман ин сон байни майдон пурдилу фирӯзманд, Дорадам имрӯз аз ҳаррӯза ёрам дӯсттар: Он на ман бошам, амон бидҳад ба душман мушти ман, Он на ман, к-ин дам фитам дар фикри кори дигаре. «Он на ман бошам, ки рӯзи ҷанг бинӣ пушти ман, Он манам, к-андар миёни хоку хун бинӣ саре». Вақти он аст, Эй қалам! Буррандатар гардӣ зи теғ! Вақти он аст, Эй сухан, Ғуррандатар гардӣ зи барқ! То ба душман ҳамла орам, решааш буррӣ зи бех, То расӣ, Манҳусанчарро кунӣ бешоху барг!