Оҳ, ки аз ҳоли ман ҳабиб надонист
Оҳ, ки аз ҳоли ман ҳабиб надонист,
Мурдаму дарди дилам табиб надонист.
Гул магар ин бевафоӣ аз пайи он кард,
К-аз дили маҷрӯҳи андалеб надонист?
Дӯш бар он дар чӣ айшҳо, ки бирондем
Бо саги кӯяш, ки он рақиб надонист.
То дили овора дар каманди ту афтод,
Ҳеч кас аҳволи он ғариб надонист.
Ақл зи ҳар кас, ки моҷарои ту пурсид,
Ҳеч кас ин қиссаи аҷиб надонист.
Халқ чӣ донад муроди хотири моро?
Коми муҳиббон ба ҷуз ҳабиб надонист.
Ҳам ба муроде расад Камол, ки касро
Аз карами дӯст бенасиб надонист.