Дар илми муҳаққиқон ҷадал нест
Дар илми муҳаққиқон ҷадал нест,
Аз илм мурод ҷуз амал нест.
Кафши Хизиру асои Мӯсо
Шоистаи дасту пои шал нест.
Гар фикр кунӣ, дар ин чӣ бошад,
-ин фикр димоғро халал нест.
Аз Оби Хуҷанд бигзару кӯҳ,
Дар Сири ту ин ба ҷуз масал нест.
Дар кӯҳ чӣ мекунӣ? Ба ман бош,
К-имрӯз маъоз дар ҷабал нест!
Ин дур(р) на дар он ҳақир дарёст,
Ин лаъл ба кӯҳи Мевағал нест.
Инҳо на мақолати Камол аст,
Асрори Худост, ин ғазал нест.