Ҷавоне гуфт бо маҳбуби хушгӯй, Ки чун бинӣ ҳавохоҳӣ ту ёрам. Чаро коғаз начаспонӣ ба бинӣ, Сиреш ар нест бо коғаз, ман орам? Бигуфт: Аз заъфи пириву фақирӣ Мани мискин сари бинӣ надорам.