Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Камоли Хуҷандӣ
Камоли Хуҷандӣ

Эй зи нами килки шакарбори ту

Эй зи нами килки шакарбори ту Тозаву тар боғи суханро ниҳол. То шуда равшан зи ту оби сухан, Сард шуда бар дили мардум зулол. Дида хати шеъри туву гашта сурх Ҷадвали девони ман аз инфиол. Гар ба ҳадоёи муваззаф зи фақр Менарасад дасти ту чун порсол, Туҳфаам ашъори мухайял фирист, Аз ту чу қонеъ шудаам бо хаёл. Ҳиммати ту гарчи наёрад фурӯ Сар ба мақоми мани шӯридаҳол, Ҳаст умедам, ки расонад туро Пири мукаммил ба мақоми Камол.