Ба дилҳо ваҳм агар аз ман намебудӣ, намегуфтам
Ба дилҳо ваҳм агар аз ман намебудӣ, намегуфтам,
Сухан аз бахшиши айбам намекарданд таҳқирам.
Зи тарси шери ғуррон чоҳ кобанду зананд «ав-ав»,
Гирифт овози он сагҳо, валекин ман ҳамон шерам.
Пагоҳӣ ҷаста аз ҷо, каҷназар созанд сӯйи ман,
Зи бас бедораму шабҳо зи меҳнат дил намегирам.
Агар чашми адолат буд дар ҷойи адоват, пас
Намедидӣ қабеҳ он корҳои нағзи таъсирам.