Булбул аз гул бигзарад, гар дар чаман бинад маро, Будпарастӣ кай кунад, гар баҳраман бинад маро. Дар сухан пинҳон шудам чун бӯи гул дар барги гул, Ҳар кӣ дидан майл дорад, дар сухан бинад маро.