Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Исматов Бахтиёр
Исматов Бахтиёр

Сад бор чун шайдо шавам сад пора чун борон шавам

Сад бор чун шайдо шавам, сад пора чун борон шавам, Дар мазҳари ин дилбарон аттори хушгуфтор шавам. Май рез соқӣ, бар димоғ омад бӯйи насрин равон К-аз бӯйи он маъшуқи хеш девонаву шайдо шавам, Ин парда бардор, эй қамар, шамсе омад бар камар. К-аз парда бинам чеҳрае, ки шайдои он Лайло шавам, Май рез соқӣ, бигзарад, ин қофила низ бигзарад. Сару як савдо шавам, дар роҳи ишқ шайдо шавам, Гуфто: "Фироқӣ, девонаӣ, дар роҳи ишқ парвонаӣ"? Гуфтам: "Наъм, девонаам, оқилтари ин хонаам".