Эй ёри ману маҳрами дилу рози ман
Эй ёри ману маҳрами дилу рози ман,
Эй нуқтадаҳону шарбати ин ҷаҳони ман.
Эй хуршеди ниҳону моҳи дилрабои ман,
Дилбарони даҳрро чӣ кунам, эй дилбари дилкушои ман?!
Роҳ ба сари чу зулфи ту гашта зуннори ҷони ман,
Баста зуннори ишқи ту ишқи ману нигори ман.
Эй ки хабар диҳӣ маро з-он ки ту оӣ бар дарам,
Хок шавам ба роҳи ту, эй пистадаҳони ҷони ман.
Эй ки ҷаҳон зи нури туст, ман чӣ кунам даҳри кӯҳан,
Бас, ки ту оӣ бар дарам, эй лӯъбати пурнигори ман.
Гашта Фироқи сар ба сар чархзанон ба даври ту,
Оҳ, ки ту оӣ бар дарам, шамсу қамар нигоҳи ман!