Марсия
I
Дӯстон! Фоҷиаи сахт биёмад ба сарам,
Рафт аз ин фоҷиа рӯҳ аз тану нур аз басарам.
Хабаре омаду рафт аз дилу ҷон тоқату ҳуш,
Баъд аз ин кай шавад аз ҳушу дилу ҷон хабарам?!
Хабар ин аст, ки бо теғи ситам кушта шудаст
Додарам — қуввати рӯҳу дилу қутти ҷигарам.
Аз ҳуҷуми аламам қуввати фарёд намонд,
То чунин дашнаи бедод фалак зад ба сарам.
Ҷигарам об шуду рехт зи ду чашми тарам,
Ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам!
II
Баъд аз ин тоқату ором мапурсед зи ман!
Баъд аз ин шодии айём мапурсед зи ман!
Субҳи шодӣ абадӣ дур шуд аз ман, пас аз ин
Ғайри шоми алам анҷом мапурсед зи ман!
Рӯзам аз шаб накунад фарқу сабоҳам аз шом,
Шабу рӯзу саҳару шом мапурсед зи ман!
Реза шуд пайкарам аз шиддати андуҳу алам,
Асари шиддати олом мапурсед зи ман!
Ҷигарам об шуду рехт зи ду чашми тарам,
Ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам!
III
Эй ҷафопеша фалак, нолаву фарёд аз ту!
Нест ҷойе зи ту ободу диле шод аз ту!



