Ашкҳо
Яке занро мезанад бо даст,
Дигар бошад бо суханҳои паст.
Оне, ки дар интернет бе виҷдон,
Тир андозад ба зан, барад аз ӯ ҷон.
Духтаре пур аз орзую ҳавас,
Расида ба чаҳордаҳ, нозук наврас,
Аммо навист ба ӯ як писар:
«Ту зиштӣ, бешармӣ, беҳаё духтар!»
Сузонд он писар, гардид хазонаш баҳор,
Мактабравӣ ба духтар гашт даҳшатбор.
Чӣ кор кунад ӯ дар ин ҳолат, маслиҳат деҳ,
Худро бидор, эй дӯст аз суханҳои қабеҳ.
Касе наққошӣ мекунад, гузошт ба
интернет,
Ҳама нависанд: «Бемаҳоратиро бинед!»
Духтари раққоса аксашро ҷой кард,
Бо комменти қабеҳ писар ӯро поймол кард.
Чӣ кор кунад ӯ дар ин ҳолат, маслиҳат деҳ,
Худро бидор, эй дӯст аз суханҳои қабеҳ.
Мисоли дигар як зани талоқдида,
Ё шавҳари азизаш аз дунё рафта,
Бипушонанд ба у пироҳани ғайбат,
Бишнавад аз мардум дашном, маломат.
Субҳ хеста бо дили ашкбор,
Меҳнат кунад бо ҷасорат фидокор.
Чӣ кор кунад у дар ин ҳолат, маслиҳат деҳ,
Худро бидор, эй дӯст аз суханҳои қабеҳ.
Шояд яке аз инҳо хоҳари туст,
Бикаш даст аз кибербуллинг, эй дӯст!
20.11.2025