Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Наргис Олимзода
Наргис Олимзода

Мехоҳам

Мехоҳам боз аз нав тифл шавам, Чу субҳгоҳон аз хоб сер шавам. Ҳар шабу рӯз дар дастони модар, Аз азобу бехобиҳояш бехабар. Аз оғӯшу, аз шири сафеди гуҳар К-аз буяш нест гарон ягон ҷавҳар Бениҳоят ёд мекунам он рӯзҳоро Гарчанд будам тифли кӯчак он замон Мебояд к-он лаҳзаҳо дар ёд намемонд, Ҷуз чеҳраи пири модар нишоне намонд. Аз ӯҳдадориву сахтии рӯзгори ин замон, Шудам гурусна аз хоби тифлӣ дар армон. Афсус надорам чу Ҳарри* асои сеҳрнок, Албатта кор мефармудам ӯро самаранок Бармегардондам айёми ширини кӯдакӣ, Бепарвоӣ, бозикунӣ, нодониву соддагӣ. Ва бигзор бинӯшам нӯшобаи сеҳрнок, Ки бимонам ҳамеша он тифли бегуноҳ! ..