Парвардигори ду олам
Эй, Парвардигори ду олам!
Имрӯз — зодрӯзи бобоҷонам!
Ман ӯро бениҳоят пазмонам,
Ӯро тез-тез дар хоб мебинам
Аз Ту — Худои Таъоло сидқан дуогуям,
Ки рӯҳашон ободу чояшон ҷаннат бод!
Пеши назарам ҳамеша табассуми
гармашон,
«Ха аҷин чаро омадӣ? Хар куштам?
Талбидам?»
— Садо диҳад дар гушам бо шӯхӣ
суханҳояшон,
Оғӯши гарми самимиву
қувватбахшандаашон.
Аз Ту — Худои Таъоло сидқан дуогуям,
Ки рӯҳашон ободу ҷояшон ҷаннат бод!
Ашк резад аз чашмонам, бобоҷонам,
Ҳамеша ба некӣ ёд кунам ғамхориҳоятро!
Ҳатто лахзаҳои сарзаниш кардаҳоятро,
Ки танҳо ба фоидаву тарбияи ман буд онҳо!
Аз Ту — Худои Таъоло сидқан дуогуям,
Ки рӯҳашон ободу ҷояшон ҷаннат бод!
Ба хонаамон аз кор омаданҳоятро,
Рӯзҳои ид тӯҳфа ҳадя карданҳоятро!
Шӯхиҳои ногаҳон мекардагиҳоятро:
«Ҳа аҷин -очаи пишакҳо! Чӣ кор мекунӣ
ин ҷо?»
Аз Ту — Худои Таъоло сидқан дуогуям,
Ки рӯҳашон ободу ҷояшон ҷаннат бод!
Ҳар нигоҳ, ҳар сухан, ҳар меҳнати
ҳалолатро
Ҳар сафари бо шумо якҷоя рафтаҳоямро
Ҳар бӯсаи гарми аз пешонаам кардаатро
Ҳатто аз корҳои зиёд бӯи арақи ҷабинатро,
Аз Ту — Худои Таъоло сидқан дуогуям,
Ки рӯҳашон ободу ҷояшон ҷаннат бод!
Ба некӣ Ёд мекунам, ёд мекунаму
мегиристам,