Соқӣ
Соқӣ ба майи ноб маро ром кунӣ, кун,
Мутриб ба ғазал сабои ман шом кунӣ, кун.
З-он ғул-ғула к-ан дар сари пур шури ман аст,
Бо чанд қадаҳе фикри маро хом кунӣ, кун.
Дар акс магиро маро бо қаламе даст,
Дар акс ба дастам қадаҳе ҷом кунӣ, кун.
Дар олами ишқему зӣ маъшуқа ҷудоем,
Маъшуқ назаре суйи ман инъом кунӣ, кун.
Дони ки надорам парвои ин ҷаҳон,
Беғам одаме маро ном кунӣ, кун
Дар сину соли бист чунин шеър навиштаи,
Тобути Форис ба табъаш лом кунӣ, кун.