Ленин дар Помир
Не хурусе ҷеғ зад шаб, бемаҳал,
Не ситора бар замин афтида буд,
Не ба боми хонае чуғзе нишаст,
Не касе дар хоб море дида буд.
Сол, аммо соли ноором буд,
Кори мардум бесару анҷом буд.
Раҳгузарҳову мусофирҳои раҳ
Паҳн мекарданд ҳар гуна хабар.
Хурдакак будем, аммо кунҷков,
Гуш медодем бар ҳар раҳгузар.
Вақти бозӣ буд магар? Не! Хостем
Бохабар бошем аз ҳар «нек»-у «бад»,
Маънии «тақдири бад»-ро хостем
Бишнавем аз нобаладҳо ё балад.
Хурдакак будем, лекин хостем
Бохабар бошем аз «кори ҷаҳон».
Коргарбачча, ки Даврон ном дошт,
Бар сари мо, кунҷковон, буд калон.
Бо падар дар шаҳр рафта борҳо
Ҳар касеро мардикорӣ кардааст.
Синну солаш хурд, аммо аллакай
Зарби чуби бандагиро хурдааст.
Хурд бошад ҳам, вале фаҳмида буд
Се суханро: «шаҳр», «меҳнат», «бандагӣ».
Пас, камаш се бор аз мо бештар
Ошно вай бо тариқи зиндагӣ.
Шаҳр дида, зиндагониро зи мо,
Хубтар, бисёртар донисга буд.
Ҳар чиро, ки мешунид ӯ аз падар,
Омада бар мо ҳикоят менамуд.
Раҳгузарҳою мусофирҳои раҳ
Паҳн мекарданд ҳар гуна хабар.
Мардуми деҳ-марду зан, пиру ҷавон