Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

То қазо карда-ст дар қасри бало бонӣ маро,

То қазо карда-ст дар қасри бало бонӣ маро, Чун ҳубобам нест ғам аз хонавайронӣ маро. Баъд аз ин килки адаб аз чӯби сунбул мекунам, Зулфи ӯ то гашт сармашқи парешонӣ маро. Сурати нақшам наёяд дар қалам аз лоғарӣ, Шарм медорад, кашад гар хомаи Монӣ маро! Аз камоли эътиборотам чӣ мепурсӣ дигар?! Нест чун мардумгиё ҷуз номи инсонӣ маро! Рафт айёми шабобу фурсати пирӣ расид, То куҷо бошад кунун аҳди ғазалхонӣ маро?! Аз ду олам обрӯ ин муддао бошад фузун: Бар сари хони ғамаш як лаҳза меҳмонӣ маро. Сели ашкам шуд фузун аз мавҷи тӯфони ҳаё, Мебарад ҳар дам зи худ оҳи пушаймонӣ маро. Мотами ҳиҷрони он шаҳрух ба мотам медиҳад, Ин бувад дар чеҳраи ғам гар фарасронӣ маро! Гар ҳамин бошад сулуки шеваи ҳиҷрони ӯ, Ғайри мурдан нест дигар мушкилосонӣ маро! Бенасиби роҳатам аз ҷамъи тақсими азал, Маркази паргори ғам шуд хатти пешонӣ маро! Ошиқонро пераҳан чун гул бувад нангу вафо, Ҳамчу сарвам, кисвати тан гашт урёнӣ маро! Эй ки наздикӣ ба чашмам мардумосо, чун ғубор Аз барам ҳаргиз нагардӣ дур, агар донӣ маро! Эй хушо, Туғрал, аз ин як мисраи шоҳи сухан: «Доми як олам тааллуқ гашт ҳайронӣ маро!»