Дар оинаи фикр ҷаҳони дигар аст, Ҳар нуктаи он дарси замони дигар аст. Гар чашми тааммул бикушояд инсон, Дар қатраи об осмони дигар аст.