Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

Чашми тар охир маро дар ҳирс расво карданист

Чашми тар охир маро дар ҳирс расво карданист, Тифли ашк аз рӯи корам парда боло карданист. Гоҳ- гоҳе аз раҳи чашме гузоре кун ба дил, Ин бинои шавқ ҳам як раҳ тамошо карданист. Дину дил рафтаст, аммо ҷони маҳзунам баҷост, Шавқи он роҳам ба як лабханд савдо карданист. То ки озодаш насозам дил намегирад қарор, Ин ғизоли ваҳшӣ охир сар ба саҳро карданист. Гиряам хоҳад намудан хонаи дилро хароб, Қатраи ашки ман охир кори дарё карданист. Хоки ҳирс аз чашми мардум нури биниш бурданист, Чашми ин бедонишонро марг бино карданист. Фониё, ман лек бо рӯшандилонам ошно, Суҳбати оина моро низ зебо карданист.