Ройи вазирон туро ба кор наёяд, Ҳар чӣ савоб аст, бахт худ фармояд. Чарх наёрад бадили ту зи халоиқ, В-он ки туро зод, низ чун ту назояд. Эзад ҳаргиз даре набандад бар ту, То сади дигар ба беҳтарӣ накшояд.