Фарҳанг · 7 дақиқа
Расми хуби тоҷиконро гум макун
Ин эссе кӯшишест барои посух додан ба як саволи сода, вале муҳим: тоҷик будан чӣ маъно дорад? Бо такя ба ашъори Мирзо Турсунзода дар он аз меҳри Ватан, дӯстӣ, меҳмоннавозӣ, эҳтиром ба дигарон ва сулҳ ҳамчун бахше аз хислати миллии тоҷик сухан меравад.

Сию панҷ сол аст, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол роҳи худро мепаймояд. Сию панҷ сол барои таърихи як миллат замони чандон дароз нест, аммо барои як насл умри пурраест. Дар ин муддат бисёр чиз дигар шуд: шаҳрҳо дигар шуданд, роҳҳо дигар шуданд, зиндагии мардум дигар шуд, ҷаҳон ҳам дигар шуд.
Аммо дар рӯзи Истиқлол танҳо аз он чизҳое ёд кардан кам аст, ки сохтаем ва ба даст овардаем. Баъзан лозим меояд аз худ бипурсем: дар ин ҳама дигаргуниҳо чиро набояд аз даст диҳем?
Чӣ чиз моро тоҷик мекунад?
Забон? Албатта. Таърих? Бешак. Сарзамин? Бе он тасаввури миллат душвор аст.
Аммо миллат танҳо аз марзу забону таърих иборат нест. Миллат одоб ҳам дорад, хислат ҳам дорад ва тарзи муомила ҳам дорад. Чизҳое ҳастанд, ки танҳо аз падару модар ба фарзанд мегузаранд, бе он ки касе онҳоро дар мактабҳо дарс диҳад. Ин меҳмонро чӣ гуна пешвоз гирифтан, бузургонро чӣ гуна эҳтиром кардан, дӯстиро чӣ гуна нигоҳ доштан, нонро чӣ гуна бо дигарон қисмат кардан ва ғайраҳо.
Шояд барои ҳамин дар рӯзи Истиқлол ёди Мирзо Турсунзода махсусан ба ҷо меояд.
Турсунзода аз он шахсест, ки ному ашъораш танҳо дар китобҳои адабиёт намондааст. Шеърҳои ӯ кайҳо аз саҳифаи китоб гузашта, ба гуфтори мардум даромадааст. Баъзе суханонашро одамон ҳатто бе он ки номи шеърро донанд, ба ҳамдигар мегӯянд. Ин бахти ҳар шоир шуда наметавонад.
Турсунзода махсусан дар бораи Ватан бисёр навиштааст, аммо Ватан дар ашъори ӯ танҳо номи як кишвар нест.
Мо медонем, ки ӯ бисёр ба дигар давлатҳо сафар мекарl. Аммj ҳар қадаре, ки ӯ аз диёраш дур мерафт, Ватан дар дилаш ҳамон қадар ба ӯ наздиктар мешуд. Гоҳ кӯҳҳои Тоҷикистон пеши назараш меомаданд, гоҳ обу ҳавояш, гоҳ боғҳояш, гоҳ мардуми одияш. Гӯё Ватан ҳамсафари ӯ буд, чунки ёди Тоҷикистон аз дилаш намерафт. Ин меҳр ҳисси самимонае аз таҳти дил буд.
Шояд ғарибон ин ҳолро аз дигарон беҳтар фаҳманд.
Инсон баъзан танҳо баъди дур шудан аз Ватан мефаҳмад, ки бӯйи ҳавои хона чӣ қадар азиз будааст. Як кӯҳе, ки ҳар рӯз медид ва ба он аҳамият намедод, дар ғарибӣ ногаҳон ба як ҷаҳон табдил меёбад. Як роҳи одии деҳа, садои об, бӯйи нон, дарахти ҳавлӣ — ҳама аз дур ранги дигар мегиранд.
Дар шеъри Турсунзода низ Ватан ҳамин гуна аст: чизе, ки одам онро на танҳо бо чашм, балки бо дил мебинад. Аммо бузургии андешаи ӯ танҳо дар ҳамин нест. Устод Ватани худро аз ҷон бештар дӯст медошт, вале ин меҳр ӯро аз дигар халқҳо дур намекард, онҳоро аз худ ҷудо намекард.
Баръакс.
Ҳар касе, ки шеъри Турсунзодаро хонад, мебинад, ки ӯ ҳар ҷое равад, пеш аз ҳама инсонро мебинад. Барои ӯ дарди мардуми дигар бегона нест. Ранҷи як модар дар кишвари дигар ҳам ранҷи модар аст. Орзуи як ҷавон дар сарзамини дигар ҳам орзуи инсон аст. Озодӣ, нон, оромӣ ва қадри одамизод марз надоранд.
Ин ҷо хислати худи Турсунзода бо як хислати қадимаи тоҷик ба ҳам меояд.
Тоҷик аз қадим дари худро ба рӯи меҳмон боз мекард. Меҳмонро намепурсид, ки ту аз кадом шаҳрӣ, аз кадом қавмӣ, забонат чист. Аввал ҷой медод, нон мемонд, чой мерехт, баъд сӯҳбат мекард.
Ин хислатҳо танҳо одати рӯзгор набуданд. Паси ин одат як андешаи бузургтар меистод: одам пеш аз ҳама одам аст. Шояд барои ҳамин сухани Турсунзода дар бораи аз даст надодани расми неки тоҷикон то имрӯз дар дили мардум мондааст. Мо ин суханро одатан ба меҳмоннавозӣ нисбат медиҳем. Аммо агар андаке амиқтар нигоҳ кунем, мебинем, ки маънояш аз як пиёла чой ва дастархони пур хеле фарохтар аст.
Расми хуби тоҷикон танҳо меҳмонро хуб пешвоз гирифтан нест.
Дӯстро фаромӯш накардан ҳам ҳаст. Ба калонсол эҳтиром кардан ҳам ҳаст. Ба кӯдак меҳр додан ҳам ҳаст. Дар ғами дигарон шарик шудан ҳам ҳаст. Дар вақти сахтӣ аз ҳам рӯ нагардондан ҳам ҳаст. Бо ҳамсоя осуда зистан ҳам ҳаст. Касеро танҳо барои он ки аз ту дигар аст, паст надидан ҳам ҳаст. Ва шояд муҳимтар аз ҳама — дили худро аз кина пур накардан аст.
Ин чизҳо дар рӯзҳои ором осон менамоянд. Вале арзиши аслии онҳо дар замони душвор маълум мешавад.
Имрӯз ҷаҳон боз пур аз ҷудоӣ шудааст. Мардум зуд ба гурӯҳҳо тақсим мешаванд: ин аз мост, он аз мо нест; ин ҳамфикри мост, он дигар хел фикр мекунад; ин забони моро мегӯяд, он намегӯяд.
Дар чунин замон сухани Турсунзода дигар танҳо як насиҳати зебои шоирона нест. Он моро ба ёд меорад, ки инсон метавонад аз миллати худ ифтихор кунад, бе он ки миллати дигарро паст занад. Метавонад Ватани худро дӯст дорад, бе он ки Ватани дигаронро бад бинад. Метавонад тоҷик бошад ва ҳамзамон ба тамоми инсоният эҳтиром дошта бошад.
Ин ду чиз зидди ҳам нестанд. Шояд баръакс, касе ки қадри хонаи худро медонад, қадри хонаи дигаронро ҳам беҳтар мефаҳмад. Аз ҳамин ҷо мавзӯи дигари бузурги Турсунзода сар мешавад — сулҳ.
Ӯ аз сулҳ бисёр гуфтааст. Вале сулҳ дар шеъри ӯ сухани хушку расмӣ нест. Сулҳ барои ӯ зиндагист.
Сулҳ он аст, ки модар аз тақдири фарзандаш ҳарос надошта бошад. Кӯдак бе тарс ба мактаб равад. Деҳқон тухм пошад ва бовар дошта бошад, ки вақти ҳосил онро худаш медаравад. Одам субҳ аз хона барояд ва донад, ки бегоҳ ба назди аҳли хона бармегардад. Сулҳ ҳамин чизҳои одист.
Шояд мо ба онҳо одат карда, дигар қиматашонро намефаҳмем. Аммо таърихи худи мо ба тоҷикон хуб омӯхтааст, ки оромӣ чизе нест, ки ҳамеша худ аз худ мемонад. Онро нигоҳ доштан лозим аст. Бо ақл. Бо сабр. Бо эҳтироми ҳамдигар.
Аз ҳамин ҷост, ки ашъори Турсунзода ҳеҷ гоҳ куҳна нахоҳад шуд.
Бале, замони ӯ дигар буд. Ҷаҳоне, ки ӯ дар он зиндагӣ мекард, дигар буд. Бисёр шиору андешаҳои он давр дигар буданд. Аммо дар паси ҳамаи ин як сухани одӣ мондааст:
инсонро дӯст дор. Ватанатро дӯст дор. Аммо дили худро ба рӯи ҷаҳон набанд. Дӯстро нигоҳ дор. Аммо дӯстро танҳо аз миёни монанди худат наҷӯ. Сулҳро қадр кун. Ва он хислатҳои некеро, ки аз падарон ба мо расидаанд, ба осонӣ аз даст надеҳ.
Имрӯз, ки Тоҷикистон сию панҷ соли Истиқлолро ҷашн мегирад, мо ҳақ дорем ба роҳи тайкардаи худ назар кунем ва ифтихор намоем. Аммо Истиқлол танҳо парчам нест. Танҳо марз нест. Танҳо Суруди миллӣ ва нишони давлатӣ ҳам нест. Истиқлол ҳамчунин масъулият аст.
Масъулияти он ки худ муайян кунем, чӣ гуна давлат месозем.
Чӣ гуна ҷомеа месозем. Ва муҳимтар аз ҳама — чӣ гуна одам мемонем. Метавон шаҳрҳои нав сохт. Роҳҳои нав кушод. Биноҳои баланд бардошт.
Аммо агар дар миёни ин ҳама дили худро аз даст диҳем, пешрафти мо нопурра мемонад.
Агар меҳмоннавозӣ танҳо барои намоиш монад, дӯстӣ танҳо дар сухан бошад, эҳтиром ба ҳамдигар кам шавад ва сулҳро чизи одӣ шуморем, он гоҳ аз мероси худ чизе муҳимро аз даст медиҳем.
Шояд Турсунзода ҳаминро мехост ба мо ёдрас кунад.
Ӯ намегуфт, ки тоҷик бояд танҳо аз гузаштаи худ ифтихор кунад. Мегуфт, он чизи неке, ки аз гузашта ба ту расидааст, нигоҳ дор. Зеро осон аст, ки аз Рӯдакӣ, Сино, Фирдавсӣ, Айнӣ ва Турсунзода ном бигирем. Душвортар он аст, ки он фарҳангеро, ки онҳо аз он бархостаанд, дар рафтори ҳаррӯзаи худ зинда нигоҳ дорем. Тоҷик будан танҳо донистани таърихи тоҷикон нест. Тоҷик будан — ба қадри он расме расидан аст, ки асрҳо дар мо одамиро нигоҳ доштааст.
Шояд ҷавоби саволе, ки дар аввали ин сухан гузоштем, ҳамин қадар сода бошад:
Тоҷик будан — Ватанро аз дил дӯст доштан аст. Тоҷик будан — дӯстиро гум накардан аст. Тоҷик будан — меҳмонро бегона надонистан аст. Тоҷик будан — дар дили худ барои дигарон ҳам ҷой доштан аст. Ва тоҷик будан — сулҳро неъмати бузург донистан аст.
Сию панҷ соли Истиқлол гузаштааст. Бигзор солҳои дигар ҳам бигзаранд. Кишвар дигар шавад, шаҳрҳо дигар шаванд, наслҳо иваз шаванд. Аммо як чиз гум нашавад:
расми хуби тоҷикон.

