Дилдор муқими дили мо шуд, чи баҷо шуд,
Дилдор муқими дили мо шуд, чи баҷо шуд,
Ҷояш ба ҳамин оина во шуд, чи баҷо шуд.
Асрори даҳонаш ба ҷунун зад зи табассум,
Он пираҳани ваҳм қабо шуд, чи баҷо шуд.
Гарди нафасе чанд, ки дар сина шикастем,
Таъмири дили яъсбино шуд, чи баҷо шуд.
Он нола, ки сад сури қиёмат ба нафас дошт,
Пеши нигаҳат сурманаво шуд, чи баҷо шуд.
Чун сарв алам
кард маро бебарии ман,
Дасти тиҳӣ ангуштнамо шуд, чи баҷо шуд.
Эҳсони карам гарчи надорад ғами тамйиз,
Он лутф, ки дар кори гадо шуд, чи баҷо шуд.
Дил қатраи ашке шуду ғалтид ба поят,
Ин хуншуда ҳамчашми ҳино шуд, чи баҷо шуд.
Аз касби сафо шуд ба дилам кашф маонӣ,
Оинаам андешанамо шуд, чи баҷо шуд.
Зулфаш, ки ба хуршед фишондӣ сари домон,
Аз саркашии хеш дуто шуд, чи баҷо шуд.
Бо рӯи ту гул лофи тароват зад, аз он рӯ
Помоли раҳи боди сабо шуд, чи баҷо шуд.
Дар содадилӣ арзи таманнои ту додем,
Бематлабӣ андешанамо шуд, чи баҷо шуд.
Умре ба ҳаво шабнами мо ҳарзадавӣ кард,
Охир зи ҳаё обилапо шуд, чи баҷо шуд.
Он чашм, ки бастем зи наззораи имкон,
Имрӯз ба дидори ту во шуд, чи баҷо шуд.
Дил метапад имрӯз ба уммеди висолат,
Дар хонаи оина ҳаво шуд, чи баҷо шуд.
Дар гарди саҳар ҷавҳари парвоз ҳаво буд,
Бедил, нафас оинаи мо шуд, чи баҷо шуд.