БАХТИ ҶОВИДОН
Чӣ ғам дорам, диёри хубтар аз бӯстон дорам,
Қавиазму зафарэҷод халқи қаҳрамон дорам.
Ба болои сарам мурғи саодат мекунад парвоз,
Замини сабзу хуррам, обҳои зарфишон дорам.
Дар оғӯши Ватан фазлу камоли нав ба нав ёбам,
Ҷаҳон донад, ки бе зулму асорат ман ҷаҳон дорам.
Суруди ин дили шоди маро ҳеҷ интиҳое нест,
Ба васфи кишвари озод садҳо достон дорам.
Замини тоҷикон гул кард, боғи тоҷикон гул кард,
Дили хуррам, сари сабз аз баҳори тоҷикон дорам.