Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Ба лавҳи ибрати Қоруну умри рафта ба ранҷаш

Ба лавҳи ибрати Қоруну умри рафта ба ранҷаш Касе ҷуз ин чӣ нависад, ки хок бар сари ганҷаш. Чунин ки неку бади халқ чораҷӯст зи каслат,384 Шикасти ранг чӣ сафрост дар фишори туранҷаш.385 Зи золи чарх кӣ дорад сафои оина бовар? Саҳарфиреб ба як чеҳраву ҳазор шиканҷаш. Сухан муқобили уқбо кашид каффаи дунё, Тарозуест ҷаҳон аз хаёли қофиясанҷаш. Ба бахти сабз ду рӯзе ту низ масхарагӣ кун, Ки хандаҳост ҷунунреша дар табиати банҷаш. Ҷиҳоти даҳру ҳавоси халоиқ оина дорад, Ки ин ҳаваскадаи нард як-шаш асту ду-панҷаш. Зи сайр олами имкон нашуд муояна,386 Бедил, Ҷуз ин ки оташе афтода дар сарои сипанҷаш.387