БО СИНАСАРДОН
Маншин чунин зору ҳазин чун рӯйзардон,
Шеъре бихон, созе бизан, ҷоме бигардон.
Раҳ дуру фурсат дер, аммо шавқи дидор,
Манзил ба манзил меравад бо раҳнавардон.
Ман бар ҳамон аҳдам, ки бо зулфи ту бастам,
Паймон шикастан нест дар оини мардон.
Гар раҳрави ишқӣ ту поси раҳ нигаҳ дор,
Биллоҳ, ки безор аст раҳ з-ин ҳарзагардон.
Сад дӯзах ин ҷо бифсурад, оре, аҷаб нест,
Гар дарнагирад оташат бо синасардон.
Он к-ӯ ба дил дарде надорад одамӣ нест,
Безорам аз бозори ин бе ҳеч дардон.
Оре, ҳунар бе айби ҳирмон нест, лекин
Маҳрумтар баргаштам аз пеши ҳунардон.
Бо талхкомӣ сабр кун, эй ҷони ширин,
Донӣ, ки дунё заҳр дорад дар шакардон.
Гардан раҳо кун, Соя, аз банди тааллуқ,
То вораҳӣ аз чанбари ин чархи гардон.