Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Чун хома аз заифӣ афлокдастгоҳам,

Чун хома аз заифӣ афлокдастгоҳам, Сад ранг лафзу маънӣ болида дар паноҳам. Ҳарчанд чун ҳубобам бе дастгоҳи қудрат, Тасхири олами об таркест аз кулоҳам. Иқболи бенавоӣ чандин футӯҳ дорад, Дасти тиҳӣ калидест дар панҷаи сиёҳам. Ғофил мабош чун шамъ аз нотавонии ман, Сад анҷуман зи худ рафт бар дӯши ашку оҳам. Дар боргоҳи ҳиммат саргармие надорад Ҳангомаи гадоӣ, яъне димоғи шоҳам. Эй ҷуръати фузулӣ, то кай сари тамошо? Чун дил зи чашми ҳайрон чоҳест пеши роҳам. Оинаро зи ҷавҳар тамҳиди дурбошест, Охир ғубори он хат шуд раҳзани нигоҳам. Дар саркашӣ дутоям, дар нола бенавоям, Бо ҳар чӣ барнаёям, аҷз аст узрхоҳам. Тасвири интизорам, аз роҳатам мапурсед, Дар хоби бехудӣ ҳам чашмам нашуд фароҳам. Чун сояам саропо тимсоли тирарӯзӣ, Дигар чӣ вонамояд оинаи сиёҳам? Бояд чу мавҷи гавҳар осуда хок гаштан, Аз офият мапурсед, дар манзил аст роҳам. Эй орзу, машӯрон беҳуда ашки моро, Миношикастае чанд осудаанд бо ҳам. Бедил, суроғи рангам аз гарди оҳ дарёб, Дар гирдбод маҳв аст парвози барги коҳам.