Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Мо низ дар замони худ дилдода будаем,

Мо низ дар замони худ дилдода будаем, Мафтуни холу хатти худодода будаем. Бо он ҳама ғурури ҷавонӣ, ки доштем, Дар хоки остонае афтода будаем. Дар пеши чашми масти ӯ лолу фалакзада, Аз дур ишқнома фиристода будаем. Дар рӯ ба рӯ чу кӯдаки ҳайрону музтариб, Аз дур дар балои ӯ омода будаем. Бо он ҳама наҷобату ошӯби хуни гарм Бисёр содадил ва ё худ сода будаем.