Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Гуфтӣ маро ки «Чунӣ?», дар рӯйи мо назар кун

Гуфтӣ маро ки «Чунӣ?», дар рӯйи мо назар кун, Гуфтӣ: «Хушӣ ту бе мо!», з-ин таънаҳо гузар кун! Гуфтӣ маро ба ханда: «Хуш бод рӯзгорат!», Кас бе ту хуш набошад, рав қиссаи дигар кун! Гуфтӣ: «Малӯл гаштам, аз ишқ чанд гӯйӣ», Он кас, ки нест ошиқ, гӯ, қисса мухтасар кун! Дар оташам, дар обам, чун маҳраме наёбам, Кунҷе равам, ки, ё Раб, ин теғро сипар кун! Густохамон ту кардӣ, гуфтӣ ту рӯзи аввал: «Ҳоҷат бихоҳ аз мо в-аз дарди мо хабар кун!». Гуфтӣ: «Шудам парешон аз муфлисии ёрон», Бикшо ду лаб, ҷаҳонро пурдурру пургуҳар кун! Гуфтӣ: «Камар ба хидмат барбанд ту ба ҳурмат», Бикшо ду дасти раҳмат, бар гирди ман камар кун!