На фахр медамад ин ҷо, на нанг меборад,
На фахр медамад ин ҷо, на нанг меборад,
Бар ин нишон ки ту дорӣ, хаданг меборад.
Фиреби абри карам хӯрдаӣ аз ин ғофил,
Ки қатра-қатра ҳамон чашми танг меборад.
Дигар чӣ чора ба ҷуз хомушӣ, ки ҳамчу ҳубоб
Бар обгинаи мо оҳ санг меборад?
Видоъи фурсати барқу шарор хирман кун,
Ба мазраъе ки шитоб аз диранг меборад.
Баҳори ин чаман азбаски ваҳшатандуд аст,
Зи доғи лола ҷунуни паланг меборад.
Ба пурсиши дили чоки кӣ судаӣ нохун,
Ки ранги хуни баҳорат зи чанг меборад?
Ба ҳайратам, ки нигоҳ аз чӣ ибрат об диҳам?
Зи хору гул ҳама ҳусни Фаранг меборад.
Дили шикаста хумистони ёди наргиси кист,
Ки ашкам аз мижа соғарбачанг меборад?
Махӯр фиреби мурувват зи чархи миноранг,
Ки ҷои бода аз ин шиша санг меборад.
Зи обёрии кишти ҳасад табарро кун,
Ки хуни офият аз сози ҷанг меборад.
Хатост туҳмати ҷуръат ба аҷзи мо бастан,
Ҳазор обила бар пойи ланг меборад.
Махоҳ ғайри такаллуф зи ағниё, Бедил,
Ки абри мазраи ин қавм нанг меборад.